Хуш аст хилват, агар ёр ёри ман бошад

160

Хуш аст хилват, агар ёр ёри ман бошад,
На ман бисӯзаму ӯ шамъи анҷуман бошад.

Ман он нигини Сулаймон ба ҳеч настонам,
Ки гоҳ-гоҳ бар ӯ дасти Аҳриман бошад.

Раво мадор, Худоё, ки дар ҳарими висол
Рақиб маҳраму ҳирмон насиби ман бошад.

Ҳумой, гӯ, мафикан, сояи шараф ҳаргиз
Бар он диёр, ки тӯтӣ кам аз заған бошад.

Баёни шавқ чӣ ҳоҷат, ки ҳоли оташи дил
Тавон шинохт зи сӯзе, ки дар сухан бошад.

Ҳавои кӯи ту аз сар намеравад, оре,
Ғарибро дили саргашта бо ватан бошад.

Ба сони савсан агар даҳзабон шавад Ҳофиз,
Чу ғунча пеши туаш муҳр бар даҳан бошад.