Хуш бувад ёрею ёре бар канори сабзазоре

561

Хуш бувад ёрею ёре бар канори сабзазоре,
Меҳрбонон рӯй бар ҳам, в-аз ҳасудон бар каноре.

Ҳар киро бо дилситоне айш меафтад замоне,
Гӯ, ғанимат дон, ки дигар дер-дер афтад шикоре.

Роҳати ҷон аст рафтан бо дилороме ба саҳро,
Айни дармон аст гуфтан дарди дил бо ғамгусоре.

Ҳар кӣ манзуре надорад, умр зоеъ мегузорад,
Ихтиёр ин аст, дарёб, эй ки дорӣ ихтиёре.

Айш дар олам набудӣ, гар набудӣ рӯи зебо,
Гар на гул будӣ, нахондӣ булбуле бар шохсоре.

Бор беандоза дорам бар дил аз савдои ҷонон,
Охир, эй бераҳм, боре аз диле баргир боре!

Донӣ, аз баҳри чӣ маънӣ хоки поят менабошам?
То туро наншинад аз ман бар дили нозук ғуборе.

В-ар туро бо хоксоре сар ба суҳбат дарнаёяд,
Бар сари роҳат бияфтам, то кунӣ бар ман гузоре.

Зиндагонӣ сарф кардан дар талаб ҳайфе набошад,
Гар даре хоҳад кушудан, саҳл бошад интизоре.

Дӯстон маъзур доранд аз ҷавонмардию раҳмат,
Гар бинолад дардманде ё бигиряд беқароре.

Рафтанаш дил мерабояд, гуфтанаш ҷон мефазояд,
Бо чунин ҳусну латофат чун кунад парҳезгоре?

Умри Саъдӣ гар сар ояд дар ҳадиси ишқ, шояд,
К-ӯ нахоҳад монд, бешак, в-ин бимонад ёдгоре.