Хуш меравад ин писар, ки бархост

45

Хуш меравад ин писар, ки бархост,
Сарвест, чунин ки меравад рост.

Абрӯш камони қатли ошиқ,
Гесӯш каманди ақли доност.

Болои чунин агар дар ислом
Гӯянд, ки ҳаст, зеру болост.

Эй оташи хирмани азизон,
Биншин, ки ҳазор фитна бархост.

Бе ҷурм бикуш, ки банда-мамлук,
Бе шаръ бибар, ки хона яғмост.

Дардат бикашам, ки дард доруст,
Хорат бихурам, ки хор хурмост.

Ангуштнамои халқ будан
Зишт аст, валек бо ту зебост.

Бояд ки саломати ту бошад,
Саҳл аст, саломате ки бар мост.

Ҷон дар қадами ту рехт Саъдӣ,
В-ин манзилат аз Худой мехост.

Хоҳӣ, ки дигар ҳаёт ёбад,
Як бор бигӯ, ки куштаи мост.