Чаро на дар пайи азми диёри худ бошам?

337

Чаро на дар пайи азми диёри худ бошам?
Чаро на хоки сари кӯйи ёри худ бошам?

Ғами ғарибию ғурбат чу барнаметобам,
Ба шаҳри худ раваму шаҳрёри шаҳри худ бошам.

Зи маҳрамони саропардаи висол шавам,
Зи бандагони худовандгори худ бошам.

Чу кори умр на пайдост, боре он авло,
Ки рӯзи воқеа пеши нигори худ бошам.

Зи дасти бахти гаронхобу кори бесомон
Гарам бувад гилае, роздори худ бошам.

Ҳамеша пешаи ман ошиқию риндӣ буд,
Дигар бикӯшаму машғули кори худ бошам.

Бувад, ки лутфи азал раҳнамун шавад, Ҳофиз,
В-агарна то ба абад шармсори худ бошам.