Эй луъбати хандон, лаби лаълат кӣ мазидаст?

62

Эй луъбати хандон, лаби лаълат кӣ мазидаст?
В-эй боғи латофат, биҳи рӯят кӣ газидаст?

Некӯтар аз ин мева ҳама умр кӣ хурдаст?
Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ буридаст?

Эй Хизр, ҳалолат накунам чашмаи ҳайвон,
Донӣ, ки Сикандар ба чӣ меҳнат талабидаст?

Он хуни касе рехтаӣ ё маи сурх аст?
Ё тути сиёҳ аст, ки бар ҷома чакидаст?

Бо ҷумла баромезию аз мо бигурезӣ,
Ҷурм аз ту набошад, гунаҳ аз бахти рамидаст.

Нек аст, ки девор ба якбор бияфтод,
То ҳеч кас ин боғ нагӯӣ, ки надидаст.

Бисёр таваққуф накунад меваи пурбор,
Чун ом бидонанд, ки ширину расидаст.

Гул низ дар он ҳафта даҳан боз намекард
В-имрӯз насими саҳараш парда даридаст.

Дар Даҷла, ки мурғобӣ аз андеша нарафтӣ,
Киштӣ равад акнун, ки татар ҷиср1 буридаст.

Рафт, он ки фуқоъ аз ту кушоянд дигар бор,
Моро бас аз ин кӯза, ки бегона макидаст.

Саъдӣ, дари бустони ҳавои дигаре зан,
В-ин кишта раҳо кун, ки дар ӯ галла чаридаст.


1 Пули дарё.