Якеро, ки одат бувад ростӣ

Якеро, ки одат бувад ростӣ,
Хатое равад, даргузоранд аз ӯ.
В-агар номвар шуд ба қавли дурӯғ,
Дигар рост бовар надоранд аз ӯ.