Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад

148

Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад,
Бозори бутон шикаст гирад.

Ҳар кас, ки бидид чашми ӯ, гуфт:
«Ку муҳтасибе, ки маст гирад?»

Дар баҳр фитодаам чу моҳӣ,
То ёр маро ба шаст гирад.

Дар пош фитодаам ба зорӣ,
Оё бувад, он ки даст гирад?

Хуррам дили он, ки ҳамчу Ҳофиз
Ҷоме зи майи аласт гирад.