Ёр гирифтаам басе, чун ту надидаам касе

582

Ёр гирифтаам басе, чун ту надидаам касе,
Шамъ чунин наёмадаст аз дари ҳеч маҷлисе.

Одати бахти ман набуд он, ки ту ёдам оварӣ,
Нақд чунин кам уфтад, хоса ба дасти муфлисе.

Суҳбат аз ин шарифтар, сурат аз ин латифтар,
Доман аз ин назифтар, васфи ту чун кунад касе?

Ходимаи саройро гӯ, дари ҳуҷра банд кун,
То ба сари ҳузури мо раҳ набарад мувасвисе1.

Рӯзи висоли дӯстон дил наравад ба бӯстон,
Ё ба гуле нигаҳ кунад, ё ба ҷамоли наргисе.

Гар бикушӣ, куҷо равам? Тан ба қазо ниҳодаам,
Санги ҷафои дӯстон дард намекунад басе.

Қисса ба ҳар кӣ мебарам, фоидае намедиҳад,
Мушкили дарди ишқро ҳал накунад муҳандисе.

Ин ҳама хор мехурад Саъдию бор мебарад,
Ҷои дигар намеравад, ҳар кӣ гирифт мӯнисе.


1 Васвасагар, бадандеш.