Ғами замона, ки ҳечаш карон намебинам

358

Ғами замона, ки ҳечаш карон намебинам,
Давош ҷуз майи чун арғавон намебинам.

Ба тарки хидмати пири муғон нахоҳам гуфт,
Чаро ки маслиҳати худ дар он намебинам.

Зи офтоби қадаҳ иртифоъи айш магир,
Чаро ки толеъи вақт ончунон намебинам.

Нишони аҳли Худо ошиқист, бо худ дор,
Ки дар машоихи шаҳр ин нишон намебинам.

Бар ин ду дидаи ҳайрони ман ҳазор афсӯс,
Ки бо ду ойина рӯяш аён намебинам.

Қади ту то бишуд аз ҷӯйбори дидаи ман,
Ба ҷойи сарв ҷуз оби равон намебинам.

Дар ин хумор касам ҷуръае намебахшад,
Бибин, ки аҳли диле дар ҷаҳон намебинам.

Нишони мӯйи миёнаш, ки дил дар он бастам,
Зи ман мапурс, ки худ дар миён намебинам.

Ману сафинаи Ҳофиз, ки ҷуз дар ин дарё
Бизоати сухани дурфишон намебинам.