Ғами замона хурам ё фироқи ёр кашам?

404

Ғами замона хурам ё фироқи ёр кашам?
Ба тоқате ки надорам, кадом бор кашам?

На қуввате, ки тавонам канора ҷустан аз ӯ,
На қудрате, ки ба шӯхиш дар канор кашам.

На дасти сабр, ки дар остини ақл барам,
На пои ақл, ки дар домани қарор кашам.

Зи дӯстон ба ҷафо сергашт мардӣ нест,
Ҷафои дӯст занам, гарна, мардвор кашам.

Чу метавон ба сабурӣ кашид ҷаври адӯ,
Чаро сабур набошам, ки ҷаври ёр кашам?

Шаробхурдаи соқӣ зи ҷоми софии васл,
Зарурат аст, ки дарди сари хумор кашам.

Гуле чу рӯи ту гар дар чаман ба даст ояд,
Камина дидаи Саъдиш пеши хор кашам.