Ҳар замон гӯям, ки аз дил меҳри ӯ берун кунам

Ҳар замон гӯям, ки аз дил меҳри ӯ берун кунам,
Лек бо худ бас намеоям, надонам чун кунам.

Булаҷаб коре, ки халқе дар пайи дармони ман,
Ман ба фикри он, ки ҳар дам дарди хеш афзун кунам.

Гар ниҳам гирён сар андар кӯҳ бе лаъли лабаш,
Сангҳоро чашма созам, чашмаҳоро хун кунам.

Нақш бандам сӯйи ӯ сад нома, мазмун сӯзу дард,
Ашки хунин бар рухи унвони он мазмун кунам.

Ҷойи такбиру дуо хоҳам зи Лайлӣ қисса хонд,
Ногаҳ ар рӯзе гузар бар турбати Маҷнун кунам.

Халқро бар маҷмари ғам дил бисӯзонам чу уд,
Нола дар чанги фироқаш гар бад-ин қонун кунам.

Кушта шуд Ҷомӣ зи ҳаҷр, афсонаи васлаш чӣ суд,
Мурғи бисмил кай зияд, сад бор агар афсун кунам?