Ҳар кас ки маи ишқ ба ҷомаш карданд

Ҳар кас ки маи ишқ ба ҷомаш карданд,
Аз дурдии дард талхкомаш карданд.
Гӯё ҳама ғамҳои ҷаҳон дар як ҷо
Ҷамъ омада буд, ишқ номаш карданд.