Ҳар киро бо хати сабзат сари савдо бошад

157

Ҳар киро бо хати сабзат сари савдо бошад,
Пой аз ин доира берун наниҳад, то бошад.

Ман чу аз хоки лаҳад лоласифат бархезам,
Доғи савдои туам сирри сувайдо бошад.

Ту худ, эй гавҳари якдона, куҷоӣ, охир,
К-аз ғамат дидаи мардум ҳама дарё бошад?!

Аз буни ҳар мижаам об равон аст, биё,
Агарат майли лаби ҷӯю тамошо бошад.

Чун гулу май даме аз парда бурун ою дарой,
Ки дигарбора мулоқот на пайдо бошад.

Зилли мамдуди хами зулфи туам бар сар бод,
К-андар ин соя қарори дили шайдо бошад.

Чашмат аз ноз ба Ҳофиз накунад майл, оре,
Саргаронӣ сифати наргиси раъно бошад.