Ҳар кӣ май бо ту хурд, арбада кард

163

Ҳар кӣ май бо ту хурд, арбада кард,
Ҳар кӣ рӯи ту дид, ишқ овард.

Заҳр агар дар мазоқи1 ман резӣ,
Бо ту ҳамчун шакар бишояд х(в)ард.

Офарини Худой бар падаре,
Ки ту фарзанди нозанин парвард.

Лоиқи хидмати ту нест бисот2,
Рӯй бояд дар ин қадам густард.

Хостам гуфт, хоки пои туам,
Ақлам андар замон насиҳат кард.

Гуфт: Дар роҳи дӯст хок мабош,
На ки бар доманаш нишинад гард.

Душманон дар мухолифат гарманд,
В-оташи мо бад-ин нагардад сард.

Марди ишқ ар зи пеши тири бало
Рӯй дар ҳам кашад, махонаш мард.

Ҳар киро барги бемуродӣ нест,
Гӯ, бирав, гирди кӯи ишқ магард!

Саъдиё, софи3 васл агар надиҳанд,
Мову дурдикашони маҷлиси дард.


1 Кому даҳон.
2 Фарш, густарданӣ.
3 Бода.