Ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ки моро бо ту рӯи ҷанг нест

119

Ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ки моро бо ту рӯи ҷанг нест,
Панҷа бо зӯроварон андохтан фарҳанг нест.

Дар кӣ хоҳам бастан он дил, к-аз висолат барканам?
Чун ту дар олам набошад, в-арна, олам танг нест.

Шоҳиди моро на ҳар чашме чунон бинад, ки ҳаст,
Сунъро1 оинае бояд, ки бар вай занг нест.

Бо замоне дигар андоз, эй ки пандам медиҳӣ,
К-ин замонам гӯш бар чанг асту дил дар чанг нест.

Гар туро коме барояд дер-зуд аз васли ёр,
Баъд аз он номат ба расвоӣ барояд, нанг нест.

Сустпаймоно, чаро кардӣ хилофи ақлу рой
Сулҳ бо душман, агар бо дӯстонат ҷанг нест?

Гар туро оҳанги васли мо набошад, гӯ, мабош,
Дӯстонро ҷуз ба дидори ту ҳеч оҳанг нест.

В-ар ба санг аз суҳбати хешам биронӣ, оқибат
Худ дилат бар ман бибахшояд, ки, охир, санг нест.

Саъдиё, номат ба риндӣ дар ҷаҳон афсона шуд,
Аз чӣ метарсӣ, дигар баъд аз сиёҳӣ ранг нест!


1 Офариниш.