Ҷавоне покбозу покрав буд

Ҷавоне покбозу покрав буд,
Ки бо покизарӯе дар гарав буд.

Чунин хондам, ки дар дарёи аъзам
Ба гирдобе дарафтоданд бо ҳам.

Чу маллоҳ, омадаш, то даст гирад,
Мабодо, к-андар он ҳолат бимирад.

Ҳамегуфт аз миёни мавҷу ташвир:
Маро бигзору дасти ёри ман гир!

Дар ин гуфтан ҷахон бар вай дарошуфт,
Шунидандаш, ки ҷон медоду мегуфт.

Ҳадиси ишк аз он баттол манюш,
Ки дар сахтӣ кунад ёри фаромуш!

Чунин карданд ёрон зиндагонӣ,
Зи корафтода бишнав, то бидонӣ,

Ки Саъдӣ роҳу расми ишқбозӣ
Чунон донад, ки дар Бағдод тозӣ.

Дилороме, ки дорӣ, дил дар ӯ банд,
Дигар чашм аз ҳама олам фурӯ банд.

Агар Маҷнуну Лайлӣ зинда гаштӣ,
Ҳадиси ишқ аз ин дафтар набиштӣ.