«Булбулу сарву суман» ё «суману лолаву гул»

20

«Булбулу сарву суман» ё «суману лолаву гул»,
Ҳаст таърихи вафоти шаҳи мушкинкокул.

Хусрави рӯи замин, ғавси замон Бӯисҳоқ,
Ки ба маҳ талъати ӯ нозаду хандад бар гул.

Ҷумъаи бисту дувум моҳи ҷамодилаввал,
Дар пасин буд, ки пайваста шуд аз ҷузв ба кул.