Килки мушкини ту рӯзе, ки зи мо ёд кунад

190

Килки мушкини ту рӯзе, ки зи мо ёд кунад,
Бибарад аҷри дусад банда, ки озод кунад.

Қосиди манзили Салмо, ки саломат бодаш,
Чӣ шавад, гар ба саломе дили мо шод кунад?

Имтиҳон кун, ки басе ганҷи муродат бидиҳанд,
Гар харобе чу маро лутфи ту обод кунад.

Ё Раб, андар дили он Хусрави Ширин андоз,
Ки ба раҳмат гузаре бар сари Фарҳод кунад.

Шоҳро беҳ бувад аз тоати садсолаву зуҳд
Қадри яксоата умре, ки дар ӯ дод кунад.

Ҳолиё ишваву нози ту зи бунёдам бурд,
То дигарбора ҳакимона чӣ бунёд кунад?

Гавҳари поки ту аз мидҳати мо мустағнист,
Фикри машшота чӣ бо ҳусни худодод кунад?

Раҳ набурдем ба мақсуди худ андар Шероз,
Хуррам он рӯз, ки Ҳофиз раҳи Бағдод кунад.