Мани дилхаста ҳар дам баҳри он нозукбадан мирам

Мани дилхаста ҳар дам баҳри он нозукбадан мирам,
Гаҳ аз ранги қабо, гоҳе зи бӯйи пераҳан мирам.

Чу соя аз сарам бардошт он сарви равон боре,
Равам бар ёди ӯ дар сояи сарви чаман мирам.

Шаҳиди ишқро ҷуз ман касе мотам намедорад,
Кӣ хоҳад мотами ман доштан рӯзе, ки ман мирам?

Гар аз пероҳанаш як ришта пайванди кафан бинам,
Занам пероҳани ҷон чоку аз завқи кафан мирам.

Чунин, к-аш тешаи ғам синаам сад пора шуд охир,
Аз он шириндаҳан бо доғи дарди Кӯҳкан мирам.

Рав, ай ҳамдам, ту дар базми тараб бо дӯстон хуш зӣ,
Маро бигзор, то танҳо дар ин байт-ул-ҳазан мирам.

Яке дам нагсалад, Ҷомӣ, дилам з-он шӯхи ошиқкуш,
Аҷаб, гар бо чунин дил ман ба марги хештан мирам!