Нақди сӯфӣ на ҳама софии беғаш бошад

159

Нақди сӯфӣ на ҳама софии беғаш бошад,
Эй басо хирқа, ки муставҷиби оташ бошад.

Сӯфии мо, ки зи вирди саҳарӣ маст шудӣ,
Шомгоҳаш нигарон бош, ки сарх(в)аш бошад.

Хуш бувад, гар маҳаки таҷриба ояд ба миён,
То сияҳрӯй шавад, ҳар кӣ дар ӯ ғаш бошад.

Хатти соқӣ гар аз ин гуна занад нақш бар об,
Эй басо рух, ки ба хуноба мунаққаш бошад.

Нозпарварди танаъъум набарад роҳ ба дӯст,
Ошиқӣ шеваи риндони балокаш бошад.

Ғами дунёи данӣ чанд хурӣ, бода бихур,
Ҳайф бошад дили доно, ки мушвваш бошад.

Далқу саҷҷодаи Ҳофиз бибарад бодафурӯш,
Гар шаробаш зи кафи соқии маҳваш бошад.