Хуш он ки дар чаман, ай нозанин, ту бошию ман

Хуш он ки дар чаман, ай нозанин, ту бошию ман,
Ба пойи сарву суман ҳамнишин ту бошию ман.

Нишаста бар сари сабза, ба рӯйи соғари май
Фишонда барги гулу ёсамин, ту бошию ман.

Зи акси ашки ману лаъли ту дар оби равон
Ба тарфи ҷӯйи маю ангубин, ту бошию ман.

Зи баски аз кафи ҳам хӯрда ҷоми моломол,
На ақл монда ба ҷою на дин, ту бошию ман.

Бувад, ки хӯй кунӣ бо ман, аз Худо хоҳам,
Ки монда дар ҳама олам, ҳамин ту бошию ман.

Гирифта ҷой рақибон ҳама ба зери замин,
Ба ҳам нишаста ба рӯйи замин, ту бошию ман.

Зи шаҳр карда чу Ҷомӣ ҷило зи таъни касон,
Гаҳе ба Рум шуда, гаҳ ба Чин, ту бошию ман.