Ёди он мутриб, ки моро ҳар чӣ буд, аз ёд бурд

Ёди он мутриб, ки моро ҳар чӣ буд, аз ёд бурд,
Боде андар най дамид, андешаҳоро бод бурд.

Умрҳо дар кӯйи дониш хонае месохт ақл,
Мавҷ зад дарёи ишқу хона аз бунёд бурд.

Лаззати ғамҳои ишқат дар мазоқи ҷон нишаст,
Орзуи шодию айш аз дили ношод бурд.

Гӯш бар афсонаи гардун манеҳ, к-ин кӯзпушт
Лаъли Ширинро ба афсун аз кафи Фарҳод бурд.

Хостам фарёд аз дасти ту ҳам пеши ту, лек
Ҳайрати дидорат аз ман қуввати фарёд бурд.

Бе гилу лойи маю хишти сари хум кай тавон
Ботини маъмур аз ин дайри харобобод бурд.

Ҷомӣ аз шогирдии пири муғон шуд майпараст,
Шуд ҳунарвар, ҳар кӣ ранҷи хидмати устод бурд.