Аз дарди дили худ ба фиғонам, чӣ кунам?

Аз дарди дили худ ба фиғонам, чӣ кунам?
В-аз зиндагии хеш ба ҷонам, чӣ кунам?
Сабр аст маро чораву донанд ҳама,
Лекин мани бечора надонам, чӣ кунам?