Бад-ин умед ба сар шуд, дареғ, умри азиз

Бад-ин умед ба сар шуд, дареғ, умри азиз,
Ки он чӣ дар дилам аст, аз дилам фароз ояд.
Умеди баста баромад, вале чӣ фоида з-он-к
Умед нест, ки умри гузашта боз ояд.