Ба ҳусни хулқу вафо кас ба ёри мо нарасад

156

Ба ҳусни хулқу вафо кас ба ёри мо нарасад,
Туро дар ин сухан инкори кори мо нарасад.

Агарчи ҳуснфурӯшон ба ҷилва омадаанд,
Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри мо нарасад.

Ба ҳаққи суҳбати дерин, ки ҳеч маҳрами роз
Ба ёри якҷиҳати ҳақгузори мо нарасад.

Ҳазор нақш барояд зи килки сунъу яке
Ба дилпазирии нақши нигори мо нарасад.

Ҳазор нақд ба бозори коинот оранд,
Яке ба сиккаи соҳибъиёри мо нарасад.

Дареғи қофилаи умр, к-ончунон рафтанд,
Ки гардашон ба ҳавои диёри мо нарасад.

Дило, зи ранҷи ҳасудон маранҷу восиқ бош,
Ки бад ба хотири уммедвори мо нарасад.

Чунон бизӣ, ки агар хоки раҳ шавӣ, касро
Ғубори хотире аз раҳгузори мо нарасад.

Бисӯхт Ҳофизу тарсам, ки шарҳи қиссаи ӯ
Ба самъи подшаҳи комгори мо нарасад.