Бигзор, то бигирям чун абр дар баҳорон

450

Бигзор, то бигирям чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад рӯзи видоъи ёрон.

Ҳар к-ӯ шароби фурқат рӯзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад қатъи умедворон.

Бо сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.

Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат,
Гирён чу дар қиёмат чашми гуноҳкорон.

Эй субҳи шабнишинон, ҷонам ба тоқат омад,
Азбаски дер мондӣ чун шоми рӯзадорон.

Чандин ки бар шумурдам аз моҷарои ишқат,
Андӯҳи дил нагуфтам, илло як аз ҳазорон.

Саъдӣ, ба рӯзгорон меҳре нишаста дар дил,
Берун наметавон кард, илло ба рӯзгорон.

Чандат кунам ҳикоят? Шарҳ ин қадар кифоят,
Боқӣ наметавон гуфт, илло ба ғамгусорон.