Биё соқӣ, ки шуд бо майпарастон аҳди гул тоза

Биё соқӣ, ки шуд бо майпарастон аҳди гул тоза,
Фиганд овози булбул дар чаман з-ин маънӣ овоза.

Куҳанрасмест тавба, тарки он хуштар дар ин мавсим,
Ки сабза хуррам асту сурию савсан тару тоза.

Зи боди меҳнати даврон шуд абтар дафтари айшам,
Кунад з-абрешими чангаш муғаннӣ, кош, шероза.

Дар айвони харобот ор рӯ аз Каъба, то бинӣ
Улувви ҳиммати бонию1 ҳусни санъати роза2.

Қиёси кори ҷонбозон макун бар ҳоли раъноён,
Ки бошад сурх рӯйи ғозиён аз хун, на аз ғоза.

Ба тарфи ораз он хат бас занахдонест, ҷойи ӯ
Ҳамон беҳтар, ки нанҳад пойи худ берун зи андоза.

Макун дар сина Ҷомӣ хона шаҳрошӯби шӯхеро,
Ки дорад хона аз шаҳри вафо беруни дарвоза.


1 Бонӣ – бинокунанда, меъмор.
2 Роза – гилкор, лойгар.