Бод омаду бӯи анбар овард

181

Бод омаду бӯи анбар овард,
Бодом шукуфа бар сар овард.

Шохи гул аз изтироби булбул
Бо он ҳама хор сар дар овард.

То пои муборакаш бибӯсам,
Қосид, ки паёми дилбар овард.

Мо нома бад-ӯ супурда будем,
Ӯ нофаи мушки азфар1 овард.

Ҳаргиз нашунидаам, ки боде
Бӯи гуле аз ту хуштар овард.

Кас мисли ту хубрӯй фарзанд
Нашнид, ки ҳеч модар овард.

Бечора касе, ки дар фироқат
Рӯзе ба намози дигар овард.

Саъдӣ, дили равшанат садафвор
Ҳар қатра ки хурд, гавҳар овард.

Ширинии духтарони табъат
Шӯр аз мутамаййизон2 баровард.

Шояд ки кунад ба зинда дар гӯр,
Дар аҳди ту ҳар кӣ духтар овард.


1 Хушбӯ.
2 Аҳли тамиз, бозшиносандаи нек аз бад.


?>