Бӯи гулу бонги мурғ бархост

44

Бӯи гулу бонги мурғ бархост,
Ҳангоми нишоту рӯзи саҳрост.

Фарроши хазон варақ бияфшонд,
Наққоши сабо чаман биёрост.

Моро сари боғу бӯстон нест,
Ҳар ҷо ки туӣ, тафарруҷ он ҷост.

Гӯянд: Назар ба рӯи хубон
Наҳй аст, на ин назар, ки морост.

Дар рӯи ту сирри сунъи бечун
Чун об дар обгина пайдост.

Чашми чапи хештан барорам,
То чашм набинадат ба ҷуз рост.

Ҳар одамие, ки муҳри меҳрат
Дар вай нагирифт, санги хорост.

Рӯзе тару хушки ман бисӯзад,
Оташ, ки ба зери деги савдост.

Нолидани беҳисоби Саъдӣ
Гӯянд, хилофи рои доност.

Аз вартаи мо хабар надорад,
Осуда, ки бар канори дарёст.


?>