Гар халқ бидонанд, ки ман ошиқу мастам

366

Гар халқ бидонанд, ки ман ошиқу мастам,
Овоза дуруст аст, ки ман тавба шикастам.

Гар душманам изо кунаду дӯст маломат,
Ман фориғам, аз ҳар чӣ бигӯянд, ки ҳастам.

Эй нафс, ки матлуби ту номусу риё буд,
Аз банди ту бархостаму хуш бинишастам.

Аз рӯи нигорини ту безорам, агар ман,
То рӯи ту дидам, ба дигар кас нигаристам.

З-ин пеш баромехтаме бо ҳама мардум,
То ёр бидидам, дари ағёр бибастам.

Эй соқӣ, аз он пеш, ки мастам кунӣ аз май,
Ман худ зи назар дар қаду болои ту мастам.

Шабҳо гузарад бар ман аз андешаи рӯят,
То рӯз на ман хуфта, на ҳамсоя зи дастам.

Ҳайф аст сухан гуфтан бо ҳар кас аз он лаб,
Дашном ба ман деҳ, ки дурудат бифиристам.

Дерест, ки Саъдӣ ба дил аз ишқи ту мегуфт:
Ин бут на аҷаб бошад, агар ман бипарастам.

Банди ҳама ғамҳои ҷаҳон бар дили ман буд,
Дар банди ту афтодаму аз ҷумла бирастам.


?>