Гар ғуссаи рӯзгор гӯям

442

Гар ғуссаи рӯзгор гӯям,
Бас қиссаи бешумор гӯям.

Як умри ҳазорсола бояд,
То ман яке аз ҳазор гӯям.

Чашмам ба забони ҳол гӯяд,
Не он ки ба ихтиёр гӯям.

Бар ман дили анҷуман бисӯзад,
Гар дарди фироқи ёр гӯям.

Мурғони чаман фиғон бароранд,
Гар фурқати навбаҳор гӯям.

Ёрони сабӯҳиям куҷоянд,
То дарди дили хумор гӯям?

Кас нест, ки дил суи ман орад,
То ғуссаи рӯзгор гӯям.

Дарди дили беқарори Саъдӣ
Ҳам бо дили беқарор гӯям.