Дар либоси нилгун то ҷилва кардӣ, ай парӣ

Дар либоси нилгун то ҷилва кардӣ, ай парӣ,
Маҳ дигар нанмуд рух з-ин пардаи нилуфарӣ.

Бо либоси осмонӣ ҳар кӣ дид, ай маҳ, туро,
Шуд бар ӯ чун рӯз равшан, к-офтоби дигарӣ.

Шохи шамшодӣ, ки печида-ст нилуфар бар он,
Сарви озодӣ, ки дорад рух чу гулбарги таре.

Расми даврон аст нилуфар ба зери об, лек
Акси ин кард он тани нозук, зиҳӣ санъатгарӣ!

Барги гул дар ғунча нозук бошад, аммо дар қабо
Ай гули хандон, ту бисёре аз ӯ нозуктарӣ.

Чанд истиғно, чӣ кам гардад зи ҷоҳу ҳашматат,
Гар ба чашми марҳамат сӯйи ғарибон бингарӣ?

Қадри ҳуснат Ҷомии соҳибназар донисту бас,
Қимати ҷавҳар касе нашносад, илло ҷавҳарӣ.