Дил танг мадор, ай малик, аз кори худоӣ

Дил танг мадор, ай малик, аз кори худоӣ,
Орому тарабро мадеҳ аз табъ ҷудоӣ.

Сад бор фитода-ст чунин ҳар маликеро,
Охир бирасиданд ба ҳар комравоӣ.

Он кас, ки туро диду туро бинад дар ҷанг,
Донад, ки ту бо шер ба шамшер дароӣ.

Ин кори самоӣ буд, не қуввати инсон,
Касро набувад қувват бо кори самоӣ.

Онон, ки гирифтор шуданд аз сипаҳи ту,
Аз банд ба шамшери ту ёбанд раҳоӣ!