Дониш

1. То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз1,
Кас набуд аз рози дониш бениёз2.

2. Мардумони бихрад3 андар ҳар замон
Рози донишро ба ҳар гуна забон

3. Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг-андар ҳаме бингоштанд4.

4. Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан5 аст…

5. Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар он ганҷ неҳ.

ВАЗН: Рамали мусаммани маҳзуф (фоилотун фоилотун фоилун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: фароз, бениёз, замон, забон, доштанд, бингоштанд, равшан, ҷавшан, беҳ, неҳ.

РАДИФ: аст.

Луғат:

1. Аз сари Одам фароз: аз замони Одам – аввалин инсон то ба имрӯз.

2. Бениёз: он кӣ эҳтиёҷ ба чизе надорад, мустағнӣ.

3. Бихрад: бохирад, донишманд, доно.

4. Бингоштанд: нигоштанд, нақш карданд.

5. Ҷавшан: навъе аз либоси ҷангии оҳанин.

Маънии байти 1: Аз оғози олам, аз замони аввалин инсон – ҳазрати Одам то ба имрӯз инсоният ниёзманд ба донишу ҳунар буд, зеро бе донишу ҳунар зиндагии одам пеш намеравад.

Маънии байти 2 ва 3: Мардумони донишманд бо забонҳои гуногун дар ҳар давра роҳу шеваҳои мухталифи илму донишро гирдоварӣ карданду ба он арҷ ниҳоданд ва барои он ки аз ин донишҳо наслҳои оянда баҳравар шаванд, китобат намуданд ва ҳатто бар санг ҳаккокӣ карданд, то аз байн наравад.

Маънии байти 4: Дониш чароғи равшангари инсон дар зиндагӣ аст ва дар ҳама ҳодисаҳои баде, ки дар рӯзгор пеш меояд, монанди либоси оҳанини ҷангӣ туро муҳофизат мекунад.

Маънии байти 5: Ҳеч як ганҷи дунё арзиши илм, маърифату донишро надорад. Агар хоҳӣ, ки сарбаланду бениёз зиндагӣ кунӣ, то метавонӣ, аз пайи ҷамъоварии донишу маърифат шав.