Ду чашми масти ту, к-аз хоби субҳ бархезанд

232

Ду чашми масти ту, к-аз хоби субҳ бархезанд,
Ҳазор фитна ба ҳар гӯшае барангезанд.

Чӣ гуна унс нагиранд бо ту одамиён,
Ки аз латофати хӯи ту ваҳш нагрезанд?!

Чунон ки дар рухи хубон ҳалол нест назар,
Ҳалол нест, ки аз ту назар бипарҳезанд.

Ғуломи он сару поям, ки аз латофату ҳусн
Ба сар сазост, ки пешаш ба пой бархезанд.

Ту қадри хеш надонӣ, зи дардмандон пурс,
К-аз иштиёқи ҷамолат чӣ ашк мерезанд.

Қарори ақл бирафту маҷоли сабр намонд,
Ки чашму зулфи ту аз ҳад бурун диловезанд.

Маро магӯй насиҳат, ки порсоию ишқ
Ду хислатанд, ки бо якдигар наёмезанд.

Ризо ба ҳукми қазо ихтиёр кун, Саъдӣ,
Ки шарт нест, ки бо зӯрманд бистезанд.