Зинда кадом аст бари ҳушёр?

297

Зинда кадом аст бари ҳушёр?
Он ки бимирад ба сари кӯи ёр.

Ошиқи девонаи сармастро
Панди хирадманд наёяд ба кор.

Сар, ки ба куштан биниҳӣ пеши дӯст,
Беҳ, ки ба гаштан биниҳӣ дар диёр.

Эй ки дилам бурдию ҷон сӯхтӣ,
Дар сари савдои ту шуд рӯзгор.

Шарбати заҳр ар ту диҳӣ, нест талх,
Кӯҳи Уҳуд гар ту ниҳӣ, нест бор.

Бандии меҳри ту наёбад халос,
Ғарқаи ишқи ту набинад канор.

Дарди ниҳоне дили тангам бисӯхт,
Лоҷарамам ишқ бибуд ошкор.

Дар дилам ором тасаввур макун,
В-аз мижаам хоб таваққуъ мадор.

Гар гила аз мост, шикоят бигӯй,
В-ар гунаҳ аз туст, ғаромат биёр.

Бар сари по узр набошад қабул,
То нанишинӣ, нанишинад ғубор.

Дил чӣ маҳал дораду динор чист?
Муддаъиям, гар накунам ҷон нисор.

Саъдӣ, агар захм хурӣ, ғам махур,
Фахр бувад доғи худовандгор.


?>