Зи ҳар чӣ ҳаст, гузир асту ногузир аз дӯст

96

Зи ҳар чӣ ҳаст, гузир1 асту ногузир аз дӯст,
Ба қавли ҳар кӣ ҷаҳон2, меҳр бармагир аз дӯст.

Ба бандагию сағирӣ гарат қабул кунад,
Сипос дор, ки фазле бувад кабир аз дӯст.

Ба ҷои дӯст гарат ҳар чӣ дар ҷаҳон бахшанд,
Ризо мадеҳ, ки матоъе бувад ҳақир аз дӯст.

Ҷаҳону ҳар чӣ дар ӯ ҳаст бо наъими биҳишт,
На неъматест, ки боз оварад фақир аз дӯст.

На гар қабул кунандат, сипос дорию бас,
Ки гар ҳалок шавӣ, миннате пазир аз дӯст.

Маро, ки дида ба дидори дӯст бар кардам,
Ҳалол нест, ки бар ҳам ниҳам ба тир аз дӯст.

В-агар чунон ки мусаввар3 шавад гузир аз ишқ,
Куҷо равам, ки намебошадам гузир аз дӯст?!

Ба ҳар тариқ ки бошад, асири душманро
Тавон хариду нашояд харид асир аз дӯст.

Кӣ дар замири ман ояд, зи ҳар кӣ дар олам,
Ки ман ҳанӯз напардохтам замир4 аз дӯст?!

Ту худ назир надорӣ, в-агар бувад ба масал,
Ман он наям, ки бадал гираму назир аз дӯст.

Ризои дӯст нигаҳ дору сабр кун, Саъдӣ,
Ки дӯстӣ набувад нолаву нафир5 аз дӯст.


1 Чора, илоҷ.
2 Ҳар кӣ дар ҷаҳон аст, ҳамаи ҷаҳониён.
3 Тасаввур гардад, пиндошта шавад.
4 Хотир.
5 Фарёд, фиғон.


?>