Субҳе муборак аст назар бар ҷамоли дӯст

97

Субҳе муборак аст назар бар ҷамоли дӯст,
Бар хурдан аз дарахти умеди висоли дӯст.

Бахтам нахуфта буд, ки аз хоби бомдод
Бархостам ба толиъи фархундафоли дӯст.

Аз дил бурун шав, эй ғами дунёву охират,
Ё хона ҷои рахт бувад, ё маҷоли дӯст.

Хоҳам, ки бехи суҳбати ағёр1 барканам,
Дар боғи дил раҳо накунам ҷуз ниҳоли дӯст.

Ташриф доду рафт, надонам зи бехудӣ,
К-ин дӯст буд дар назарам ё хаёли дӯст.

Ҳушам намонду ақл намонду сухан бибаст,
Муқбил касе, ки маҳв шавад дар камоли дӯст.

Саъдӣ ҳиҷоб нест, ту оина пок дор,
Зангорхурда чун бинамояд ҷамоли дӯст?


1 Бегонагон.