Лола қадаҳи бодаву гул шоҳиди раъност

Лола қадаҳи бодаву гул шоҳиди раъност,
Гулбонгзанон мурғи чаман мутриби гӯёст.

Бихром суйи боғ, ки шодиву тарабро
Бе саъйи туву ман ҳама асбоб муҳайёст.

То гул тутуқи1 ғунча зи рухсор кушода-ст,
Наргис ҳама тан чашм шуда баҳри тамошост.

Сабза кашад аз сӯзани зангоргирифта
Хоре, ки шикаста зи ғам андар ҷигари мост.

Бар сурати наргис бикушо чашм, ки гӯйӣ
Пиромуни хуршед аён иқди сурайёст.

Ё бар кафи симинбадане ҷоми зар аст он,
К-аз ҳар тараф ангушт чу сим омада пайдост.

Баҳри қабасе2 з-оташи гул шохи шукуфа
Аз ҷайб бурун карда чу Мӯсо яди байзост.

Сар карда фурӯ, хирқакабудест бунафша,
К-аз сабза ба зери қадамаш сабзмусаллост.

Ин абри баҳор аст, ки дар сояи ҷудаш
Пургавҳару дур гашта ҳама домани саҳрост.

Не, не, ғалатам, балки саропардаи ишрат
Шоҳ аз пайи бахшиш зада бар торуми миност.

Ҷомӣ, ки зад аз нав рақам ин шеъри баҳорӣ,
Аз барги гиёҳе чамани мадҳи шаҳ орост.


1 Тутуқ – парда.
2 Қабас – оташ афрӯхтан.