Мо маст шудему дил ҷудо шуд

263

Мо маст шудему дил ҷудо шуд,
Аз мо бигурехт, то куҷо шуд?!

Чун дид, ки банди ақл бигсаст,
Дарҳол дилам гурезпо шуд!

Ӯ ҷойи дигар нарафта бошад,
Ӯ ҷониби хилвати Худо шуд!

Дар хона маҷӯ, ки ӯ ҳавоист,
Ӯ мурғи ҳавост, дар ҳаво шуд!

Ӯ бози сапеди подшоҳ аст,
Паррид, ба сӯйи подшо шуд!