Соқӣ, бархез, к-он маҳ омад

264

Соқӣ, бархез, к-он маҳ омад,
Биштоб, ки сахт бегаҳ омад!

Туркона битоз, вақт танг аст,
К-он турки Хито ба хиргаҳ омад!

Дар ваҳм набуд ин саъодат,
Иқбол нигар, ки ногаҳ омад!

Ошиқ, чу пиёла пур зи хун буд,
Чун соғари май ба қаҳ-қаҳ омад!

Бо чун ту маҳ он, ки вақт дарёфт,
Таъҷил накард аблаҳ, омад!

Аз хирмани ишқ ҳар ки бигрехт,
Коҳ аст, ба хирмани каҳ омад!

Бегаҳ шуду ҳар ки ӯст муқбил,
Бигрехт зи худ, ба даргаҳ омад!

Андар Табрез ҳоюҳуест
Онро, ки зи ҳаҷр бо раҳ омад!