Начандон орзумандам, ки васфаш дар баён ояд

287

Начандон орзумандам, ки васфаш дар баён ояд,
В-агар сад нома бинвисам, ҳикоят беш аз он ояд.

Маро ту ҷони ширинӣ, ба талхӣ рафта аз аъзо,
Ало, эй ҷон, ба тан боз о, в-агарна, тан ба ҷон ояд.

Маломатҳо, ки бар ман рафту сахтиҳо, ки пеш омад,
Гар аз ҳар навбате фасле бигӯям, достон ояд.

Чӣ парвои сухан гуфтан бувад муштоқи хидматро,
Ҳадис он гаҳ кунад булбул, ки гул бо бӯстон ояд.

Чӣ суд оби Фурот, он гаҳ ки ҷони ташна берун шуд?
Чу Маҷнун дар канор афтод, Лайлӣ бар миён ояд.

Ман, эй гул, дӯст медорам туро, к-аз бӯи мушкинат
Чунон мастам, ки гӯӣ бӯи ёри меҳрбон ояд.

Насими субҳро гуфтам: Ту бо ӯ ҷонибе дорӣ,
К-аз он ҷониб, ки ӯ бошад, сабо анбарфишон ояд.

Гуноҳи туст, агар вақте бинолад ношикебое,
Надонистӣ, ки чун оташ дарандозӣ, духон ояд.

Хато гуфтам ба нодонӣ, ки ҷавре мекунад Азро,
Намебояд, ки Вомиқро шикоят бар забон ояд.

Қалам хосийяте дорад, ки сар то сина бишкофӣ,
Дигар бораш бифармоӣ, ба фарқи сар давон ояд.

Замини боғу бустонро ба ишқи боди наврӯзӣ
Бибояд сохт бо ҷавре, ки аз боди хазон ояд.

Гарат хуноба гардад дил зи дасти дӯстон, Саъдӣ,
На шарти дӯстӣ бошад, ки аз дил бар даҳон ояд.


?>