Агар он аҳдшикан бо сари мисоқ ояд

286

Агар он аҳдшикан бо сари мисоқ ояд,
Ҷони рафта-ст, ки бо қолаби1 муштоқ ояд.

Ҳама шабҳои ҷаҳон рӯз кунад талъати2 ӯ,
Гар чу субҳеш назар бар ҳама офоқ ояд.

Ҳар ғамеро фараҷе ҳаст, валекин тарсам,
Пеш аз онам бикушад заҳр, ки тарёқ ояд.

Бандагӣ ҳеч накардему тамаъ медорем,
Ки худовандӣ аз он сирату ахлоқ ояд.

Гар ҳама сурати хубони ҷаҳон ҷамъ кунанд,
Рӯи зебои ту дебочаи3 авроқ ояд.

Дигаре гар ҳама эҳсон кунад, аз ман бухл аст,
В-аз ту матбӯъ бувад, гар ҳама эҳроқ4 ояд.

Сарв аз он пой гирифтаст ба як ҷой муқим,
Ки агар бо ту равад, шармаш аз он соқ ояд.

Бе ту гар боди сабо мезанадам бар дили реш,
Ҳамчунон аст, ки оташ ки ба ҳурроқ5 ояд.

Гар фироқат накушад, ҷон ба висолат бидиҳам,
Ту гарав бурдӣ, агар ҷуфту агар тоқ ояд.

Саъдиё, ҳар кӣ надорад сари ҷонафшонӣ,
Марди он нест, ки дар ҳалқаи ушшоқ ояд.


1 Колбад, ҷисм.
2 Рӯй, чеҳра, дидор.
3 Муқаддима, сароғоз.
4 Сӯзонидан, азият расондан.
5 Сӯхта.