Корвони шакар аз Миср ба Шероз ояд

285

Корвони шакар аз Миср ба Шероз ояд,
Агар он ёри сафаркардаи мо боз ояд.

Гӯ, ту боз ой, ки гар хуни манат дархурд аст,
Пешат оям чу кабутар, ки ба парвоз ояд.

Ному нангу дилу дин, гӯ, биравад, ин миқдор
Чист, то дар назари ошиқи ҷонбоз ояд?

Ман худ ин санг ба ҷон металабидам ҳама умр,
К-ин қафас бишканаду мурғ ба парвоз ояд.

Агар ин доғи ҷигарсӯз, ки бар ҷони ман аст,
Бар дили кӯҳ ниҳӣ, санг ба овоз ояд.

Ман ҳамон рӯз, ки рӯи ту бидидам, гуфтам:
Ҳеч шак нест, ки аз рӯи чунин ноз ояд.

Ҳар чӣ дар сурати ақл ояду дар ваҳму қиёс,
Он ки маҳбуби ман аст, аз ҳама мумтоз ояд.

Гар ту боз оию бар нозири Саъдӣ биравӣ,
Ҳеч ғам нест, ки манзур ба эъзоз ояд.