Наёсояд кас аз афғони ман ҷойе, ки ман бошам

Наёсояд кас аз афғони ман ҷойе, ки ман бошам,
Ҳамон беҳтар, ки ҳам худ ҳамнишини хештан бошам.

Диҳам таскини худ ҳар шаб, ки фардо бинамаш дар раҳ,
Вале он сангдил н-ояд аз он роҳе, ки ман бошам.

Маро бирбуд завқи гуфтугӯйи он парӣ з-ин сон,
Ки чун девонагон пайваста бо худ дар сухан бошам.

Чу ҳамдарде намеёбам, ки гӯям дарди худ бо ӯ,
Гаҳе бо ёди Маҷнун, гаҳ ба фикри Кӯҳкан бошам.

Рақибо, талх гуфтан то ба кай, чандон забон даркаш,
Ки як дам гӯш бар гуфтори он шириндаҳан бошам.

Чунон бирбуд хоби ман, ки н-ояд чашми ман бар ҳам,
Магар вақте ки зери хок хуфта дар кафан бошам.

Чӣ шуд дар кори май паймони тақво, Ҷомӣ, он авло,
Ки паймона ба каф бо соқии паймоншикан бошам.