Хез, то рахт ба сарманзили инсоф кашем

Хез, то рахт ба сарманзили инсоф кашем,
Бо дили соф ба ҳам ҷоми майи соф кашем.

Ҳар кӣ аз мо талабад тавба, бахилӣ варзем
В-ар диҳад ҷоми майи соф, ба исроф кашем.

Мушкили ишқ чу аз дурдкашон гардад кашф,
Чанд дар мадраса дарди сари кашшоф кашем?

Пири майхона бисоти карам андохтааст,
Рақами ризқ чӣ бар ҳосили авқоф1 кашем.

Нақди моро мабар, ай хоҷа, ба сарроф, ки мо
Ин ҳама ғабн2 зи қаллобии сарроф кашем.

Доби3 мо нест гила, хоса ба ҳар ноҷинсе,
Гарчи анвои ҷафо аз ҳама асноф4 кашем.

Ҷомӣ, аз хирқаи пашминаи фақр осудем,
Ҳошалиллаҳ, ки дигар нози қасаббоф кашем.


1 Авқоф – ҷамъи вақф.
2 Ғабн – зарар.
3 Доб – расм.
4 Асноф – ҷамъи синф – синфҳо, гурӯҳҳо.