Мо на он қавмем, к-аз бори касе гардан кашем

Мо на он қавмем, к-аз бори касе гардан кашем
В-ар касе дар роҳи мо хоре ниҳад, доман кашем.

Мекашем аз тирахӯён дурдии дард ончунон,
К-аз кафи равшанҷабинон бодаи равшан кашем.

Тавсани кин ҳар кӣ ангезад, ба қасди ҷони мо,
Мо зи меҳраш нақди ҷон зери суми тавсан кашем.

Ҳар кӣ хоҳад баҳри мо дӯзад зи меҳнат хилъате,
Ресмон аз риштаи ҷонҳо-ш дар сӯзан кашем.

Нестем асҳоби ишрат, то чу сабза ҳар сабоҳ
Мафраши1 дебои зангорӣ суйи гулшан кашем.

Чун шаби санҷобгун ояд, таҳи паҳлуи хеш
Бистари санҷобӣ аз хокистари гулхан кашем.

Дӯстон, аз саркашӣ бо мо агар душман шаванд,
Ҷомӣ, он беҳтар, ки мо сар дар раҳи душман кашем.


1 Мафраш – домон, шол, палос.