Нигори хуби шаккарбор чун аст?!

99

Нигори хуби шаккарбор чун аст?!
Чароғи дидаву дидор чун аст?!

Аҷаб он ғамзаи ғаммоз чун аст?!
Аҷаб он турраи таррор чун аст?!

Аҷаб он шуҳраи бозори хубӣ,
Аҷаб он равнақи гулзор чун аст?!

Дилам аз миҳр дар мотам нишастаст,
Аҷаб, дар миҳри дил дилдор чун аст?!

Зи лутфи хеш ёрам хонд он ёр,
Аҷаб он ёри бе ин ёр чун аст?!

Ба зоҳир бандагонро менавозад,
Аҷаб, бо банда дар исрор чун аст?!

Чу аввал дидамаш, ҷоне — м бахшид,
Бидонистам, ки дар ӣсор чун аст!

Агар дубора кардӣ он карамро,
Яқин гаштӣ, ки дар такрор чун аст!

Аҷаб, он шаъри атласпӯши ҷаъдаш
Ба гирди атласи рухсор чун аст?!

Табиби ошиқонро бозпурсед,
Ки то он наргиси бемор чун аст?!

Аҷаб он нофаи тотор чун аст?!
Аҷаб он турраи булғор чун аст?!

Аҷаб бар доирай хатти муҳаққақ,
Ки бишкастаст сад паргор, чун аст?!

Мани зорам асири нолаи зер,
Напурсад рӯзаке, к — он зор чун аст?!

Дилам дузди назар, ӯ дузди ин дузд,
Аҷаб он дузди дуздафшор чун аст?!

Туро, ай дӯст, чун ман ёри ғорам,
Саре дар ғор кун, к-ин ғор чун аст!

Ки то бинам туро, ҷон барфишонам,
Намоям халқро наззор, чун аст?!

Ниҳоят нест гуфтамро, валекин
Намудам шакли он гуфтор, чун аст?!