Он моҳи дуҳафта дар ниқоб аст, ё ҳуре даст дар хизоб аст

52

Он моҳи дуҳафта дар ниқоб аст, ё ҳуре даст дар хизоб аст,
В-он вусма1 бар абрувони дилбанд, ё қавси қузаҳ бар офтоб аст.

Селоб зи сар гузашт, ёро, з-андоза бадар мабар ҷафоро,
Боз ой, ки аз ғами ту моро чашмею ҳазор чашма об аст.

Тундию ҷафову зиштхӯӣ ҳарчанд ки мекунӣ, накӯӣ,
Фармон барамат, ба ҳар чӣ гӯӣ, ҷон бар лабу чашм бар хитоб аст.

Эй рӯи ту аз биҳишт бобе2, дил бар намаки лабат кабобе,
Гуфтам, бизанам бар оташ обе, в-ин оташи дил на ҷои об аст.

Сабр аз ту касе наёварад тоб, чашмам зи ғамат намебарад хоб,
Шак нест, ки бар мамарри3 селоб чандон ки бино кунӣ, хароб аст.

Эй шуҳраи шаҳру фитнаи хайл, фӣ манзарики-н-наҳору ва-л-лайл,
Ҳар к-ӯ накунад ба суратат майл, дар сурати одамӣ давоб аст.

Эй доруи дилпазири дардам, иқрор ба бандагит кардам,
Донӣ, ки ман аз ту банагардам, чандон ки хато кунӣ, савоб аст.

Гарчи ту амиру мо асирем, гарчи ту бузургу мо ҳақирем,
Гарчи ту ғанию мо фақирем, дилдории дӯстон савоб аст.

Эй сари равону гулбуни нав, маҳпайкари офтобпартав,
Бистону бидеҳ, бигӯю бишнав, шабҳои чунин на вақти хоб аст.

Имшаб шаби хилват аст то рӯз, эй толиъи саъду бахти фирӯз,
Шамъе ба миёни мо барафрӯз ё шамъ макун, ки моҳтоб аст.

Соқӣ, қадаҳе қаландаривор дардеҳ ба муоширони ҳушёр,
Девона ба ҳоли хеш бигзор, к-ин мастии мо на аз шароб аст.

Бод аст ғурури зиндагонӣ, барқ аст лавомиъи4 ҷавонӣ,
Дарёб, даме ки метавонӣ, биштоб, ки умр дар шитоб аст.

Ин гурсуна гурги бетараҳҳум худ сер намешавад зи мардум,
Абнои5 замон мисоли гандум, в-ин даври фалак чу осиёб аст.

Саъдӣ, ту на марди васли ӯӣ, то лоф занию қурб ҷӯӣ,
Эй ташна, ба хира чанд пӯӣ, к-ин раҳ ки ту меравӣ, сароб аст.


1 Гиёҳе, ки бо он абрӯро ранг кунанд.
2 Дар.
3 Гузаргоҳ.
4 Анвор, партавҳо.
5 Фарзандон.