Офтоб аз кӯҳ сар бар мезанад

234

Офтоб аз кӯҳ сар бар мезанад,
Моҳрӯй ангушт бар дар мезанад.

Он камонабрӯ, ки тири ғамзааш
Ҳар замоне сайди дигар мезанад.

Дасту соъид мекашад дарвешро,
То напиндорӣ, ки ханҷар мезанад.

Ёсаминбӯе, ки сарви қоматаш
Таъна бар болои ар-ар мезанад.

Рӯю чашме дорам андар меҳри ӯ,
К-ин гуҳар мерезад, он зар мезанад.

Ишқро пешоние бояд чу мех,
То ҷабинаш санг бар сар мезанад.

Ангубинрӯён натарсанд аз магас,
Нӯш мегиранду ништар мезанад.

Дар ба рӯи дӯст бастан шарт нест,
В-ар бибандӣ, сар ба дар бар мезанад.

Саъдиё, дигар қалам пӯлод дор,
К-ин сухан оташ ба най дармезанад.